Жээнбеков: Мардуми Қирғизистон аз ҳад зиёд сиёсӣ ҳастанд

Жээнбеков: Мардуми Қирғизистон аз ҳад зиёд сиёсӣ ҳастанд


Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон мардуми кишварашро “беш аз ҳад сиёсӣ” хонд.
Жээнбеков дар мусоҳиба бо “Биринчи радио” чунин гуфт, “Фикр мекунам, агар гӯям, ки ҷомеаи мо аз ҳад зиёд сиёсӣ шудааст, хато нахоҳам кард. Дар (кишвари) мо ҳама омода аст, ки сиёсатро баррасӣ кунад ва назари коршиносонаи худро изҳор намояд. Чаро чунин шуд? Чи тавре, ки мегӯянд, сокинони кишвари камбағал машғули сиёсат, сокинони кишвари сарватманд машғули саёҳат ҳастанд”.
Ба гуфтаи Жээнбеков, замоне фаро мерасад ва сокинони Қирғизистон имкони саёҳат ба ҷаҳонро ба даст меоваранд. Аммо дар сурате, ки ҷойҳои корӣ ва корхонаҳои пардозиш (переработка) эҷод мешаванд.
Вай афзуд, “Ин самти кӯшиши ман аст, ин сиёсати давлатии ман аст”.
Ёдовар мешавем, 4 октябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ