Bloomberg: Кувайт дар арафаи буҳрони шадиди иқтисодӣ аст


Яке аз кишварҳои сарватмандтарини Халичи Форс – Кувайт дар арафаи буҳрони ҷиддии иқтисодӣ мебошад. Дар ин бора Блумберг хабар дод.
Ба далели он, ки нархи нафт дар ҷаҳон хеле коҳиш ёфт, ба Кувайт буҳрони иқтисодӣ таҳдид мекунад. Нархи имрӯзаи нафт қодир нест, ки иқтисоди Кувайтро дар сатҳи кофӣ пуштибонӣ кунад. Будҷаи ин кишвари арабӣ 90 дарсад ба фурӯши нафт вобаста аст. Ҳоло мумкин аст, ки баъди чанд моҳ ҳукумат дигар аз уҳдаи вазифаҳои иҷтимоии худ набарояд.
Ба назари коршиносон, пандемияи коронавирус ва барҳам шудани тавофуқномаи ОПЕК+ метавонад будҷаи Кувайтро тақрибан аз 46 миллиард доллар маҳрум кунад. Ин зарар баробар бо 40 дарсади маҳсулоти нохолиси дохилии (ВВП) кишвар баробар хоҳад буд.
Ҳукумати Кувайт намехоҳад, ки Бунёди бастаи насли ояндаро барои пешгирӣ аз камбуди будҷа истифода кунад (Бунёди бастаи насли ояндаи Кувайт ҳудуди 550 миллиард доллар дорад). Дар натиҷа дар кишвар буҳрони сиёсӣ низ авҷ мегирад. Тарафдорон ва муқобилони истифодаи маблағи бунёд ҳоло баҳси шадид доранд.
Агар Кувайт ислоҳоти иқтисодӣ баргузор накунад, маблағи кулли захирашудаи кишвар баъди 15 сол тамом мешавад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ