Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ кай анҷом ёфтани эмкунии ҳамагонии коронавирусро эълон кард

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълом кард, ки дӯр аз интизор аст, ки эмкунии (ваксинация) ҳамагонии вируси корона то авоили соли 2021 анҷом шавад.
Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар конфронси хабарии рӯзи ҷумъа дар Женева гуфт, ҳеҷ кадом аз вокаснҳое, ки токунун таҳия шудааст дар мароҳили пешрафтаи озмоишҳои болинӣ, нишонаи возеҳе аз коромадӣ дар дастикам 50 дарсад мавриди назари Созмони ҷаҳонии беҳдоштро нишон надодаанд, иттилоъ додааст хабаргузории Рейтерз.
Ин дар ҳоле аст, ки Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ба мақомоти беҳдошти иёлатҳо эълом кард, барои дарёфти воксани куруно дар моҳи ноябр омода бошанд.
Иттиҳоди Аврупо низ аз тавзеи воксани вируси куруноии як ширкати бритониёӣ дар моҳи ноябр хабар додааст ва Русия ва Чин низ эълом кардаанд, ки мароҳили ниҳоии тавлиди вокаснҳои зидди куруноро тай мекунанд.
Бар асоси охирин оморҳо дар ҷаҳон беш аз 26 миллион нафар ба вируси куруно мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 873 ҳазору 554 нафар токунун ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ