Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Осиёии Марказӣ аз 230 ҳазор зиёд гардид

Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Осиёии Марказӣ аз 230 ҳазор зиёд гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Чун дар дигар манотиқи ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ низ теъдоди беморони COVID — 19 ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.
Шумораи гирифторони бемории COVID -1 9 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми шабонарӯзи гузашта 926 кас бештар шуда, теъдоди умумии мубталоён ба 230 506 нафар расид.
Теъдоди бемороне, ки аз коронавирус шифо ёфтанд, дар давоми 24 соат 1 248 нафар бештар шуда ба 193 735 баробар шуд.
Тибқи иттилои то ин дам ба даст омада, ҳамчунин дар давоми шабонарӯзи гузашта 17 кас дар паи беморӣ ҷон аз даст дода, шумораи умумии фавтидагон ба 3 416 баробар шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ