Равшан Маҳаммадҷонов камари WBC-ро ба даст овард

Равшан Маҳаммадҷонов камари WBC-ро ба даст овард

  • Post category:Варзиш

Дар шаҳри Москва аз ҷониби Ширкати промоутерии «Shamo boxing» шаби касбии муштзанӣ гузаронида шуд. Дар он муштзани ӯзбекистонӣ Равшан Маҳаммадҷонов барои камари чемпионии ҷаҳонии байни ҷавонон зидди муштзани украинагӣ Владимир Гордиенко ба ринг баромад. Дар баҳс ҳамдиёрамон дар худ ирода ёфта, бо ҳисоби 77-74,77-74, 76-75 ғалаба ба даст овард. Ҳамин тариқа, Р.Маҳаммадҷонов дар тоифаи вазни миёнаи якум дар таърихи бокси мамлакат бори аввал соҳиби камари WBC Vouth гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ