Русия ва Эрон дар истеҳсоли ваксинаи коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

Русия ва Эрон дар истеҳсоли ваксинаи коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

  • Post category:Ҷаҳон

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар гуфтугӯи тасвирӣ бо Кирил Димитриев, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия, бо ишора ба натоиҷи ду нишасти коргурӯҳи ваксина ва дору миёни институти “Постур” –и Эрон ва маркази миллии Гамалеяи Русия ибрози умедворӣ кард, ҳарчӣ зудтар фароянди тавлиди муштараки ваксинаи Ковид -19 байни ду кишвар оғоз шавад, иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симои Эрон.
Бино бар иттилои манбаъ, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои амиқи Теҳрон ва Маскав, бавижа дар заминаи ваксинаи Ковид -19 гуфт, тавлиди анбӯҳи ваксина бо мушорикату ҳамкории Эрон ба зудӣ дар дастури кори ин сандуқ қарор хоҳад гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ