Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи қатъи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро беасос хонд.


Вазорати энергетика хабари қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рад кард

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон мегӯяд, хабарҳое, ки дар интернет пайдо шуданд, ки гӯё гази кишвари мо дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон интиқол дода намешавад, ба воқеият мувофиқат намекунад, омадааст дар итттилоияи нашркадаи хизмати матбуоти вазорат.
Ба иттилои манбаъ, интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тибқи нақша идома дорад.
“Тибқи маълумоти амалиётӣ, дар 8 моҳи соли 2020 ба кишвари ҳамсоя 139,5 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шудааст”,-афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод гуфтааст, то охири сол тибқи шартнома интиқоли 200,0 миллион метри мукааб ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ