Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 70 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Тоҷикистон то ҳол 8 792 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 68 нафар афзудааст.
Теъдоди фавтидагон аз ин вирус низ зиёд шуда, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 70 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Гуфта мешавад, аз оғози пандемия то ин дам 7 581 кас ё худ 86,2% аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Зикр мегардад, ки дар як шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ