Дар шаҳри Самарқанд ходимони СКД шахси тирфурӯхтаро дастгир карданд

Рӯзи 3-юми соли ҷорӣ аз ҷониби ходимони ШКД -и рақами 5-и СКД -и шаҳри Самарқанд тадбири зудкор баргузор гардид. Дар тадбир сокини кӯчаи ба номи Амир Темури шаҳр (соли таваллудаш 1976) О.Т. вақти ба шахси бо номи Ӯ. ба 100 доллари амрикоӣ фурӯхта истодани ду дона тир (патрон)-и 16 калибрӣ ва ду дона тири 12 калибрӣ ба даст афтод. Аз рӯйи ҳолати мазкур бо қисми 3-и моддаи 248-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешавад. Хизмати ахбори СКД-и вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ