Тӯфон дар Япония: 50 кас ҷароҳат бардошт, 4 кас беному нишон гум гашт

Тӯфон дар Япония: 50 кас ҷароҳат бардошт, 4 кас беному нишон гум гашт

  • Post category:Ҷаҳон

Дирӯз дар қисми Ҷанубӣ-Ғарбии Япония тӯфони «Haushen» -и пурқувват содир гашт. Дар натиҷа, 52 нафар ҷароҳат гирифт. Дар ин бора имрӯз, 7-уми сентябр иттиолоти «KYODO» маълум кард. Борони пуршиддат, ки бӯрони тропикиро овард, дар префектураи Миязаки тармафарориро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа, як хонаи дар ҳудуди кӯҳсор буда вайрон гашт. Хабар дода мешавад, ки дар он ҷо 4 нафар, аз ҷумла 2 нафар шаҳрванди Ветнам беному нишон гум шудааанд. Дар қисми Ҷанубӣ-Ғарбии баҳри Кюсю қариб 35000 -хона бе қувваи барқ монд. Субҳ дар беш аз 100000 — то хона таъминоти қувваи барқ барқарор гашт. Ба як қатор ҳудудҳо, ки 4,5 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз рӯйи эвакуатсия нишондодҳо дода шуд. Ҳоло тӯфони «Haushen» аз Япония сӯйи нимбаҳри Корея дар суръати 11 сония дар 1 метр ҳаракат дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ