Дар мавриди 3 нафар “абитуриенти чашмикордон” парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар мавриди 3 нафар “абитуриенти чашмикордон” парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Дар шаҳри Тошканд дар мавриди 3 нафар довталабе, ки мехостанд бо сертификатҳои сохта ба донишгоҳ дохил шаванд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора маркази матбуотии додситонии кулли (генпрокуратура) Ӯзбекистон хабар дод.
Ин ҷавонон нусхаҳои сохтаи сертификати як созмони хайриявии хориҷиро, ки барои дохил шудан ба донишгоҳ имтиёзҳои муайян медиҳад, таҳия карданд ва бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба донишгоҳ супурдаанд.
Кормандони додситонӣ бино ба муроҷиати Маркази давлатии тест тафтишоти махсус баргузор карданд ва фиребгарии ҷавононро фош карданд.
Дар ин маврид бар асоси қисмҳои 1 ва 3-и моддаи 228-и кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ