Яке аз роҳбарони мухолифати ҳукумати Белорус боздошт шуд

Яке аз роҳбарони мухолифати ҳукумати Белорус боздошт шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Мария Колесникова, яке аз роҳбарони мухолифати ҳукумати Белорус боздошт шуд, ё, ӯро дуздиданд. Дар ин бора сайти ru.euronews.соm хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Колесниковаро одамони ғайринизомӣ бо зӯру фишор ба микроавтобусе дохил кардаанд ва ба сӯи номаълуме бурдаанд.
Ҳамкорони Колесникова дар шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ кардаанд, ки ӯ дар он ҳангом дар маркази шаҳри Минск танҳо мерафт. Дар ҳоли ҳозир вакилон (адвокатҳо) Колесниковаро ҷустуҷӯ мекунанд. Онҳо ҳоло дар пайи огаҳ кардани кумитаи давлатии амнияту кумитаи тафтишот ва пурсидани ҳимоя аз онҳо мебошанд.
Дар зимн, шӯъбаи корҳои дохилии Минск бехабарии худро аз боздошт шудани Колесникова ва дигар мухолифон маълум кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ