Падари қарздор қариб 83 миллион сӯм алимент супорид

Падари қарздор қариб 83 миллион сӯм алимент супорид

Дар асоси қарори суди ноҳияи Пастдарғам доир ба корҳои шаҳрвандӣ барои таъминоти моддии 3 нафар фарзанди ноболиғи Г.Қувватова аз тарафи шаҳрванд Э.Расулов ситонидани алимент ба миқдори аз ду як ҳиссаи даромад муқарар карда шудааст.
Аз рӯйи ин ҳолат аз тарафи шӯъбаи Бюрои иҷрои ҳатмии ноҳияи Пастдарғам парванда кушод. То ҳол шаҳрванд Э.Расулов пардохтҳои алиментро намесупорид.
Кормандони шӯъбаи ноҳиявии бюро бо Э.Расулов сӯҳбат карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ урданд ва таъкид карданд, ки дар чунин рӯзҳои санҷишӣ дастгирии моддӣ намудани фарзандон вазифаи муҳими ҳар як падар мебошад.
Падари қарздор, ки аз чунин маслиҳат ва сӯҳбат хулосаи дуруст баровардааст, барои таъминоти фарзандонаш 82 миллиону 774 ҳазор сӯм пардохт кард.

Хизмати матбуоти Садорати Бюрои иҷрои ҳатмии вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ