Ду лоиҳаи муштараки Ӯзбекистон ва “Лукойл” ба будҷа $4 миллиард даромад овард


Ӯзбекистон солҳои 2004 ва 2007 бо ширкати “Лукойл”-и Русия ду тавофуқномаи ҳамкориро имзо кард. Яке аз тавофуқномаҳо дар бораи тақсими маҳсулоти конҳои углеводороди вилояти Бухоро ва дувумӣ аз худ кардани конҳои Ҳисори вилояти Қашқадарё буд. “Лукойл” барои ин ду лоиҳа 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кард. Ҳамчунин, дар ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ба будҷа ба арзиши беш аз 12,4 миллион доллар андоз супурда шуд.
Ӯзбекистон бо иҷрои ин ду лоиҳа дар умум беш аз 4 миллиард доллар даромад кард.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ