Муамморо чӣ гуна ҳал мекунед? Бо усули Билл Гейтс шинос шавед


Ба назари миллиардери машҳури амрикоӣ – Билл Гейтс, инсон ҳангоми ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муаммо бояд ба худ ин ду саволро диҳад: “Чи касе чунин муамморо ҳал кардааст? Аз ӯ чиҳоро омӯхтан мумкин аст?”.
Билл Гейт дар блоги худ чунин навишт, “Ман аз даврони наврасӣ ҳар як муамморо бо ёрии ҳамин ду савол ҳал кардаам. Ҳангоми корам дар Microsoft низ аз ин усул истифода кардаам ва ҳоло низ истифода мебарам.
Ба гуфтаи миллиардер, ин ду савол хеле оддӣ менамояд, вале, гоҳе вақтҳо ҷавоби онҳо хеле душвор аст.
Гейтс таъкид кард, ки ин ду савол танҳо роҳҳои ба мақсад расидани ӯ нестанд. Вай ҳамчунин, дар поёни ҳар сол ба худ дар бораи корҳои беҳтар анҷом додааш, омӯхтаҳои наваш, дӯстони наваш ва вақти ба оила сарф кардааш низ “ҳисобот” медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ