Ифлос шудани ҳаво ҳамасола боиси марги 7 миллион нафар мешавад

Ифлос шудани ҳаво ҳамасола боиси марги 7 миллион нафар мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Коршиносони Созмони милали муттаҳид ҳавои ифлосро “қотили ноаён” мешуморанд. Ҳамасола 7 миллион нафар қурбони ҳавои ифлос мегарданд. Ҳавои ифлос боиси бемориҳои роҳи нафас, дил, бемориҳои сирояткунанда, саратони шуш ва ғайра мешавад.
Маркази ахбори Созмони милали муттаҳид ба муносибати 7 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳавои тоза дар ин масъала мақолаи махсус чоп кард.
Бино ба ин мақола, дар миёни бачаҳое, ки аз ҳавои олуда нафас мегиранд, бемориҳои астма, норасоии шуш, сустии рушд, диабети қанд, вазни зиёдӣ ва сустии рушди ақлӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад.
Дар даври пандемияи коронавирус, ки парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаракати автомобилҳо шадидан кам шуд, дар шаҳрҳои бисёри ҷаҳон сатҳи тозагии ҳаво хеле беҳтар шуд, дараҷаи оксиди азот дар кислород хеле коҳиш ёфт. Масалан, дар шаҳри Мадрид олудагии ҳаво 50 дарсад кам шуд. Дар дигар шаҳрҳои бузурги дунё низ чунин ҳолат мушоҳида гардид.
Вале, ба гуфтаи мутахассисон, ғайр аз ҳавопаймо ва автомобил омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки боиси олудашавии ҳаво мегарданд.
Масалан зарраҳои хурде, ки ҳангоми гарм кардани биноҳо, ё пошидани минералҳои гуногун ба киштзорҳо ба ҳаво мераванд, пеши камшавии ифлосии атмосфераро мегиранд.
Ба гуфтаи муаллифони мақола, олудагии ҳаво на танҳо ба саломатии инсон, балки ба иқтисоди ҷаҳон низ зарар мерасонад. Ба далели ифлос шудани муҳити зист дар чандин кишвари Аврупо зарари иқтисодӣ баробар бо 20 дарсади маҳсулоти нохолиси дохилӣ (ВВП) мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ