Анор подшоҳи меваҳост

Анор подшоҳи меваҳост

  • Post category:Саломатӣ


Мизоҷи анори ширин дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум гарм аст.
Дар кишвари мо бо фарорасии тирамоҳ анор ва хурмо пухта мерасанд. Аз ин рў, вақти он расидааст, ки ин меваҳоро истеъмол намоем.
Меваи анор подшоҳи ҳама меваҳост. Анор нафақат бомазза, балки аз витаминҳо бой мебошад ва солҳои дароз дар тиб истифода мешавад.
Анор маҳсулоти камкалория мебошад. Аз ин рў, он барои одамоне, ки парҳезро риоя мекунанд ва ба ҳолати бадани худ аҳамият медиҳанд, хеле мувофиқ аст.
Меваи дурахшон ва болаззату шаҳдбори он аз витаминҳои С, Р бой аст. Инчунин, дар таркибаш консентратсияи витаминҳои гурўҳи В, калий, калсий, фосфор ва минералҳои оҳан низ ҳаст. Анор дорои хусусият безараргардонанда мебошад, ки ба мубориза бо дарди меъда ва дарунравӣ мусоидат мекунад.
Агар шумо гӯшт истеъмол накунед, ин мева албатта болои дастархонатон бошад. Чунки аминокислотаҳое, ки дар гӯшт мавҷуданд, дар анор ҳаст. Анорро меваи ҷавонӣ меноманд. Ин ба миқдори зиёди антиоксидантҳо вобаста аст.
Хусусиятҳои табобат
Пӯст ва донаи анор низ фойданок аст. Ҳар яки онҳо дар самтҳои гуногун истифода мешаванд. Меваи анорро барои таскин додани инсон ҳамчун чой истифода бурдан мумкин аст, ки дарди асабро таскин медиҳад. Барои ин пўст ва пардаҳои меваи пухтаро хушк кардан лозим.
Шарбати анор хеле муфид аст ва барои истеъмол дар бемориҳои камхунӣ, атеросклероз, астма, ангина, касалиҳои диабет тавсия карда мешавад. Пўсти анорро ба чой ҳамроҳ карда нўшанд, барои одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд ва дар ҳолати стресс қарор доранд, муфид аст. Анорро боз ҳамчун воситаҳои косметикӣ истифода бурдан мумкин.
Агар анор ба ратсиони таом дохил карда шуда, истеъмол карда шавад, он метавонад бемориҳои дил ва саратони синаро пешгирӣ кунад. Бояд гуфт, ки анор барои шахсони гирифтори бемории захми меъда тавсия дода намешавад. Зеро он хеле турш аст.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ