Эҳтироми гузаштагон – ободонии қабристон

Ҳоло маънавияти мардум баланд шудааст. Кадом рӯзе ба қабристон дароед, ҳатман чанд нафарро мебинед. Онҳо хокҷойи гузаштагонашонро зиёрат карда, гирду атрофи онҳоро ба тартиб меоранд. Ҳурмати гузаштагон тозагиву ободонии қабристон аст.
Вақте ки мо ба қабристони Шӯрбоӣ-Шӯрбоича даромадем, ба ғайри зиёратгарон боз нозири қабристон Ориф Эргашевро дидем. Ӯ ҳамроҳи Аъзамамак баъди нигоҳубини гулу ниҳолҳои қабристон бо ресмон раҷҷа мекашид. Мақсад байни қабрҳо бунёди пайроҳаи бетонӣ буд.
Қабристони Шӯрбоӣ-Шӯрбоича дар ду тарафи роҳи мошингузар воқеъ гардидааст. Тарафи чапи он қабристони кӯҳна мебошад. Ба ташкил шудани он қариб 100 сол мешавад. Дар тарафи рости роҳ барои қабристони нав ҷой ҷудо кардаанд. Дар ин хокҷой ба ғайр аз ин ду маҳалла боз аз деҳаи Чорбоғ ва як қисм маҳаллаҳои Найзатеппаву Диёр маитонро ба хок месупоранд.
Панҷ сол пеш аҳли ин маҳаллаҳо вазифаи ҷамъиятии раиси ободонии қабристонро ба зиммаи Аброрқул Холиқов вогузоштанд. Ин марди кордону боғайрат ба дили мардум роҳ ёфта, қабристонро ба як ҷойи ободу зебое табдил дод.
– Қабристон манзили охирини ҳамаи мо ба ҳисоб меравад, – мегӯяд А. Холиқов. – Бинобар ҳамин, ин ҷойи муқаддасро тозаву покиза нигоҳ дошта, обод кардан вазифаи ҳар яки мо мебошад. Бо ёриву дастгирии мардум дар ин муддат мо корҳои зиёди ободониро ба ҷо овардем. Барои иштирокчиёни ҷаноза ба масофаи 100 метр айвон сохта, деворҳои онро бо хишти пухта оро додем. 37 курсиҳои чӯбин тайёр кардем. Дар айвону роҳравҳо 3000 метри мураббаъ плитка чидем. Агар тахминан 300 метр девори қабристони кӯҳнаро идораи ободонии ноҳия сохта бошад, дар қабристони нав 100 метр деворро худамон бардоштем. Тобутхона сохта, барои истироҳат ва оббозии гӯрковҳо шароит муҳайё кардем. Аз 300 метр масофа қубурҳои об кашида, дар 5 ҷой мили об мондем. Ҳангоми бориши барфу боронҳои зиёд барои об зер накардани қабристон чораҳои зарурӣ андешидем. Дар иҷрои ин корҳо 30-35 нафар устоҳои маҳаллаҳо ҳисса гузоштанд ва бисёриҳо ёрии моддии худро дареғ надоштанд. Нафақахӯри фаъол Шавкат Шодиев ва ронандаи «КамАЗ» Рустам Неъматҷонов ҳамроҳи ман шабу рӯз давутоз карда, ба гирифтани савоби калон мушарраф гардиданд.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ