Аз чӯҷапарварӣ даромади хуб ба даст меояд

Аз чӯҷапарварӣ даромади хуб ба даст меояд

Сокини маҳаллаи Валиҷони ноҳияи Каттақӯрғон Тӯлқин Бақоев ду сол пеш дар ҳавлии худ бо аҳли оилааш чӯҷапарвариро ба роҳ монд. Имрӯзҳо онҳо аз чӯҷапарварӣ даромади хуб ба даст меоранд. Аҳли оила 500 сар чӯҷаи бройлериро дар давоми 35-40 рӯз поида, гӯшти чӯҷаҳои фарбеҳкардаашонро ба дӯконҳои хӯроквории мавзеи Келдон, ки тобеи шаҳраки Пайшанба аст, фурӯхта, даромади нағз мегиранд. Ҳамсараш Фотима ва духтараш Мадина асрори чӯҷапарвариро хуб аз худ намудаанд.
– «Бо асал гуфтан даҳон ширин намешавад», гуфтани мардум беҳуда набудааст. Дар аввали кор ҳолати нобудшавии чӯҷаҳо бисёртар рӯй медод. Баъд талафоти паррандаҳо кам шуд, – гуфт Т. Бақоев. – Ба як мурғ ҳам дону ҳам об лозим. Ба таркиби еми мурғ 27 хел моддаи дорувориро ҳамроҳ мекардаанд. Агар ба чӯҷаҳо дар вақташ ему об надиҳед, чӯҷа табъи дилатон фарбеҳ намешавад.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ