Чапдастон ҳам мисли ростдастҳоянд, фақат…

Чапдастон ҳам мисли ростдастҳоянд, фақат…

  • Post category:Ҷамъият

Духтараки 11-12 сола ба меҳмонон хизмат мекард. Вақте ки ӯ чойро гардонда, дасти росташро ба пеши бар дошта, бо дасти чап пиёларо дароз менамуд, зане лаб бурма карда, эрод гирифтан хост. Яъне, ба ӯ танбеҳ дода, гуфтани шуд, ки «Ҳӯ духтарам, чойро бо дасти чап не, бо дасти рост дароз мекунанд. Аз ҳоло одобро наомӯзӣ ва иззати меҳмононро ба ҷо наорӣ, баъди калон шудан ҳам, ин одати худро тарк карда наметавонӣ…»
Вале ӯ лаб накушода, зани дар рӯ ба рӯ нишаста, имо кард, ки хомӯш бошад. Духтарак чапдаст асту ба ҳамин одат кардааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, духтарак аз чизе пай бурда, шарм дошт ва дигар ба назди меҳмонон надаромад.
Дар ҳақиқат, ин хел воқеаҳо бисёр рух медиҳанд. Боре устоди факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Заррина Нарзиева чунин нақл карда буд:
– Дар факултети мо Нозима ном як донишҷӯйи оҳаликӣ мехонд. Соли охири таҳсилаш ба ташвиш афтода, гоҳо мегуфт, ки ман чапдастам. Вақти нав ба мактаб рафтанам, муаллима ҳарчанд зӯр заданд, ки ман бо дасти рост нависам, нашуд. Охир ба ҳолам монданд. Ҳоло худам бо дасти чап менависаму ба бачаҳо фарқи байни дасти чапу ростро нишон дода, чӣ хел мегӯям, ки ручкаро бо дасти ростатон дошта нависед. Бачаҳо ба ҳоли ман намеханданд?! Корро сар накарда, ғами ҳамин муаммо маро азоб медиҳад.
Чапдаст ба дунё омадан ин қонуни биологии табиат аст. Онро ҳеҷ кас тағйир дода наметавонад. Бинобар ҳамин, мо ба он одат кунем.
Масалан, ба ин масъала муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд Лайло Маматқулова ҳатто некбинона назар мекунад. Вай пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд 23 сол боз ба касби омӯзгорӣ машғул аст.
– Дар синфи 2-юми «А», ки ман роҳбар ҳастам, 31 нафар талабаву толибагон таълиму тарбия мегиранд. Дар байни онҳо 5 нафарашон чапдаст мебошанд. Ман ба онҳо бо дасти рост ручкаро дошта, навиштанро маҷбур накардам. Барои онҳо, ки бо дасти чап кор кардан қулай аст, ба ҳолашон гузоштам. Онҳо дар дарсҳо фаъоланд. Ахлоқу одобашон ҳам хуб аст. Мавзӯъҳоро зуд аз худ карда, ҳатто бо дасти чап зебо менависанд.
– Аз рӯйи ҳисобу китоби тиббӣ, – мегӯяд духтур Ҳикматилло Ӯзбеков, – қариб 15 фоизи кӯдакон чапдаст таваллуд мешаванд. Яъне, 85 фоизи одамон ростдаст бошанд, инҳо чапдастанд. Мувофиқи тасдиқи илмии олимон дарку фаҳмиши ин хел одамон, чӣ хеле ки мо онҳоро чапдаст мегӯем, баландтар мебошад. Масалан, мо 15 фоизи илму донишро аз худ кунем, онҳо аз 30 фоиз баҳравар мешаванд. Фикру хаёл ва кори онҳо бисёртар аст. Вале организмашон аз организми одамони ростдаст фарқе надорад. Фақат дарки қабулашон зиёдтар аст. Мағзи сари одам аз ду нимкура иборат аст, тарафи рости майнаи одамони чапдаст бештар инкишоф меёбад. Зиндагонии чапдастҳо мисли зиндагонии ҳама аст. Фақат қабули информатсия, энергияи сарфмекардаи онҳо бисёртар мебошад. Аз байни чапдастҳо донишманду ҳунарманд ва нодиракорон бештар мебароянд.
Тадбиркори соҳаи хизматрасонии компутерӣ Азамат Тӯрақуловро дар ноҳияи Самарқанд бисёриҳо мешиносанд. Вақте ки ӯ дар паси компутер нишаста, кор мекунад, аз ҳаракати дастони гирову кори босуръату хушсифати ӯ ҳама дар ҳайрат мемонанд. Вай ҳам чапдаст аст.
– Ман чапдаст. Бо дасти рост нависам, сарам дард мекунад. Аз бачагӣ ҳамин қадар зӯр заданд, ки бо дасти рост кор кунам, нашуд. Ҳатто муаллимҳо ба нӯги дастам сӯзан халонданд, дасти чапамро бастанд, ки бо дасти ростам нависам, нашуд. Кӯшишу ёддиҳии онҳо беҳуда рафт. Бо дасти чап навиштану кор кардан ба ман қулай аст. Лекин бо дасти рост хӯрок мехӯрам. Ман ҳам мисли дигарон. Аз чапдаст буданам ягон хел дискомфорт нороҳатиро ҳис намекунам. Дигарон бо дасти рост чӣ коре кунанд, ман бо дасти чапам ҳамон корро бемалол иҷро менамоям.
Тадқиқгари рус В.А. Семёнович китобе дорад бо номи «Ин чапдастони боварнокарданӣ». Баъди хонда баромадани он олам ба назари одам дигар мешавад.
Чапдастҳо одамони ниҳоят мӯъҷизакор ҳам мешаванд. Яке аз онҳо Николай Алдунин аст. Вай дар вилояти Ворошилови Россия таваллуд шуда, ҳоло дар шаҳри Москва зиндагонӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ