Абдулазиз Комилов ба Маскав меравад

Абдулазиз Комилов ба Маскав меравад


намояндагони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзҳои 9-10 сентябр ба Маскав сафар мекунанд. Дар ин ду рӯз дар пойтахти Русия ҷаласаи шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.
Вазирони корҳои хориҷӣ дар ин ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба нишасти СҲШ-ро ва дигар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Намояндагони Ӯзбекистон дар чорчӯби ин сафар дар Маскав чандин мулоқоти дуҷонибаро анҷом хоҳанд дод.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ