220 нафар ӯзбекистонӣ аз Петербург ба ватан баргаштанд


Субҳи имрӯз 220 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Урганч парвоз карданд. Дар ин бора маркази матбуотии шӯъбаи ҳамлу нақли Урганч хабар дод.
Ин панҷумин парвози махсус барои бозгардондани ӯзбекистониён аз шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон буд. Пеш аз ин бо қарори комиссияи махсус 4 бор парвозҳои махсуси хатсайри Маскав-Урганч ва Санкт-Петербург-Урганч анҷом ёфта буд ва тавассути ин парвозҳо 840 нафар шаҳрванд ба ватан баргашта буданд.
Шаҳрвандони аз Русия баргашта бар асоси қоидаҳои карантин ҳадди ақал 10 рӯзро дар марказҳои карантин сипарӣ мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ