Абдулқодир Машарипов дар Туркия ба ҳабси 1368 сол маҳкум шуд

Абдулқодир Машарипов дар Туркия ба ҳабси 1368 сол маҳкум шуд


Абдуқодир Машарипов, зодаи Ӯзбекистон, ки шаби солинавии 1 январи 2017 дар як клуби шабонаи шаҳри Истанбули Туркия ҳамлаи террористиро анҷом дода буд, ба муҳлати 1368 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дар Туркия ин муҳлат бо 40 муддати ҳабси якумрӣ баробар аст.
Додгоҳ (суд) ӯро ба қатли 39 нафар, кӯшиш ба қатл ва қонуншиканӣ дар нигоҳдории силоҳ гунаҳкор донист.
Машарипов айби худро эътироф кардааст.
Машарипов шаби соли нави 2017 бо силоҳи Калашников ба клуби шабонаи Рейнаи Истанбул меравад ва дар клуб ба сӯи ҳозирон тир холӣ мекунад. Дар натиҷа 39 нафар кушта ва тақрибан 70 нафар захмӣ мешаванд. Як қисми қурбониён шаҳрвандони хориҷӣ буданд. 16 январи соли 2017 Машарипов боздошт шуд. Дар раванди тафтишот ҳамдастии ӯ бо террористон маълум гардид.
Давлати исломӣ маъулияти ин ҳамлаи террористиро ба уҳдаи худ гирифт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ