Коронавирус: дирӯз 6 нафар вафот карда, 312 нафар ба вирус мубтало гардид

Коронавирус: дирӯз 6 нафар вафот карда, 312 нафар ба вирус мубтало гардид

Дирӯз, 7-уми сентябр дар Ӯзбекистон дар 312 нафар ҳолат коронавирус қайд гардид. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод. Дар шаҳри Тошканд 4 нафар, дар вилоятҳои Ҷиззах ва Тошканд 1 нафарӣ, ҷамъ 6 нафар бемори коронавирус вафот кард. Дар мамлакатамон 317 нафар бемор сиҳат гашт. То ин вақт дар мамлакат аз 43975 нафар бемор 41594 нафар солим гашта, нишондоди давоёбӣ 94 фоизро ташкил мекунад. Айни замон дар муассисаҳои тиббӣ аз 2027 нафар бемор аҳволи 430 нафар вазнин ва аҳволи 224 нафар вазнинтар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ