Вазорати тандурустӣ: Вазъи саломатии 654 нафар бемор вазнин аст


Рӯзи 7 сентябр дар Ӯзбекистон муолиҷаи 317 нафар мубталои коронавирус ба поён расид ва онҳо сиҳат шуданд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 312 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд ва 6 нафар бемор вафот кард.
Бино ба омори (статистика) расмӣ, рӯзи гузашта шумори умумии мубталоён ба 43 975 нафар, шумори шифоёфтагон ба 41 594 нафар ва шумори қурбониён ба 354 нафар расид.
Дар ҳоли ҳозир муолиҷаи 2 027 нафар бемор идома дорад. Вазъияти саломатии 430 нафари онҳо вазнин ва 224 нафар хеле вазнин мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ