Зинаи вилоятии озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” ҷамъбаст гардид

Зинаи вилоятии озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” ҷамъбаст гардид

  • Post category:Ҷамъият

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Садорати маданияти ҳокимияти вилоят ва телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд тадбири рағбатноксозии ғолибони зинаи вилоятии озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” зери шиори “ Ту – манбаи қудрату маскани саодатӣ, Ӯзбекистони азизам!” баргузор гардид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ М.Ибодуллоев таъкид карданд, ки новобаста аз шароити пандемия ба ин озмуни анъанавӣ матолиби зиёд фиристода шуд. Беш аз 100-то корҳои эҷодии шоиру нависанда, рӯзноманигор ва блогерҳо, рассом, дизайнер ва аксбардорони самарқандӣ тавассути мессенҷери телеграм қабул гардида, ба онҳо баҳои муносиб дода шуд.
Ғолибони озмуни анъанавӣ аз рӯйи номинатсияҳои “Асарҳои бадеии нависандагону шоирон”, “Корҳои журналистии кормандони ВАО-и чопӣ”, “Маводҳои интернет-журналистикаеро, ки дар веб-сомонаҳо ба сифати воситаи ахбори оммавӣ ба рӯйхат гирифтаанд, пешниҳод шудаанд, “Матолиби кормандони эҷодии телевизион ва радио”, “Асарҳои санъати амалӣ, корҳои аккосӣ ва дизайн” ва “Суруду таронаҳои санъаткорон дар мадҳи кишвар» муайян ва бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
– Эҷодкори қариб ҳаштодсола мебошам, — гуфт ғолиби номинатсияи “Асарҳои бадеии нависандагону шоирон”-и озмун, публитсист Нусрат Раҳмат. – Ду аср ва ду сохторро дидам. Дар бораи дидаву шунидаҳо ва таҷрибаи зиндагии худ як қатор асарҳо офаридам. Маҳз ба шарофати истиқлол ба масъалаи омӯхтани ҳаёт ва эҷоди мутафаккир ва ҷадид Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ эътибори алоҳида дода мешавад, ки ман аз ин рӯҳи тоза гирифта, дар бораи ин маърифатпарвари бузург “Ҷадид” ном романи худро навиштам. Ман шодам, ки ин асар дар озмуни имрӯза қадрдонӣ шуд. Инсон набояд гузашта ва таърихи худро фаромӯш кунад. Дар таърихи мо равшанфикрони гузаштаамон, ки ҷони худро барои миллат ва Ватан фидо кардаанд, ҷойгоҳи сазовор доранд.
Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ