Шумори мубталоёни COVID-19 дар Ҳиндустон нисбат ба Бразилия бештар шуд


Ҳиндустон аз рӯи шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон Бразилияро ба ақиб гузошт ва дувумин кишвар шуд. Ҳоло шумори беморон дар диёри Ҳинд ба 4 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Шумори қурбониёни вирус беш аз 71 ҳазор нафар мебошад.
Дар як шаби гузашта дар Ҳиндустон 90 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуд. Бо ин ҳол, ҳукумат маҳдудиятҳои карантиниро, ки иқтисоди кишварро фалаҷ кард, марҳила ба марҳила бекор мекунад.
Рӯзи душанбе дар пойтахт ва 12 шаҳри калони дигари Ҳиндустон метро дубора фаъолияти худро қисман оғоз кард. Пеш аз карантин метрои Ню-Деҳлӣ дар як рӯз тақрибан ба 2,7 миллион хидматрасонӣ мекард. Дар ҷойҳои умумӣ ниқобпӯшӣ ва риоя ба фосилаи иҷтимоӣ ҳатмӣ астю
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ