Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Ин пандемияи охирин нест


Тедрос Гебрейесус, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, “Ин пандемияи охирин нест. Таърих ба мо ёд медиҳад, ки паҳншавии бемориҳо ва пандемияҳо як қисми зиндагии мо аст”.
Ба гуфтаи Гебрейесус, кишварҳо дар оянда ба бемориҳои сирояткунанда ва пандемияҳо беҳтар аз имрӯз омода бошанд. Ӯ таъкид кард, ки солҳои охир бисёре аз давлатҳо ба заминаи ҳифзи тандурустӣ, ки асоси мубориза бо пандемия аст, эътибор надодаанд.
Бино ба маълумотҳои охирин, аз оғози пандемия то ба имрӯз дар ҷаҳон беш аз 27 миллиону 374 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд. Беш аз 894 ҳазор нафар қурбони вирус шуданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ