Телескопи GREGOR равшантарин аксҳои доғҳои рӯи офтобро гирифт

Телескопи GREGOR равшантарин аксҳои доғҳои рӯи офтобро гирифт


Телескопи GREGOR-и расадхонаи ҷазираи Тейдеи Испания баъди таҷҳиз шудан бо оптикаҳои нави тавонист дақиқтарин аксҳои доғҳои рӯи офтобро бардорад. Дар ин бора The Indian Express хабар дод.
Аксҳои наве, ки бо ёрии ин телескоп бардошта шуд, дар миёни аксҳои мавҷудаи рӯи офтоб дақиқтарину равшантарин аст. Телескоп акси майдони 50 километрии рӯи офтобро бардоштаат. Ин ҳамагӣ як қисми хеле хурди офтоб аст, чун диаметри кулли он баробар бо 1,4 километр мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисон, коре, ки телескоп анҷом додааст, мисли аз фосилаи 1 километр дидани сӯзане дар миёни майдони футбол мебошад.
Дар аксҳои нав таҳаввулоти доғҳои офтоб ва сохтори плазмаҳои офтобиро дидан мумкин аст.
Манбаъ: korrespondent.net

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ