Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунад


Абдулло Арипов, сарвазири кишваамон ба зудӣ ба Тоҷикистон меравад. Ӯ дар маросими ифтитоҳи мактабе, ки Ӯзбекистон онро сохт, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар дод.
Мактабе, ки Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сохт, дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷойгир аст. Дар ин мактаб 640 нафар донишомӯз таҳсил хоҳанд кард.
Замони ба истифода супурда шудани мактаб дертар маълум мешавад.
Ӯзбекистон ҳамчунин, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон шифохона низ месозад. Дар ин шифохона якбора то 200 нафар бемор муолиҷа хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон низ дар бораи сохтусози мактаб барои 640 нафар дар Самарқанд маълум карда буд. Ҳамчунин, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона кӯдакистон созад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ