Дар ноҳияи Самарқанд кӯдаки 7-солаи қурбони садама шуд

Дар ноҳияи Самарқанд кӯдаки 7-солаи қурбони садама шуд


Як ҳодисаи роҳ дар ноҳияи Самарқанд бо марги кӯдаки 7-сола анҷом ёфт.
Бино ба хабари маркази матбуотии бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ), ҳодиса рӯзи 7 сентябр тақрибан дар соати 15.00 рух дод. Ронандаи 19-сола бо автомобили Ласеттии худ дар яке аз роҳҳои мошингарди ноҳия ҳаракат мекард. Ногаҳон кӯдаке аз тарафи чапи кӯча ба сӯи муқобил давид. Дар ин ҳангом Ласетти ба кӯдак бархӯрд. Кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои вазнин даргузашт.
Идораи тафтишоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Самарқанд дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тафтишот идома дорад.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ