Лукашенко: Ман ба осонӣ намеравам

Лукашенко: Ман ба осонӣ намеравам

  • Post category:Ҷаҳон


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белроус имрӯз, 8 сентябр дар мусоҳиба бо хабарнигорони Русия гуфт, ки “ба осонӣ” аз мақоми худ даст намекашад.
Лукашенко гуфт, ки наметавонад талаби мухолифонро қонеъ кунад ва мақоми раисҷумҳуриро вогузор кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат “тарафдоронашро қатли ом мекунанд”. Ҳамчунин, пешвои Белорус гуфт, ки ҳукумат барои баргузории ислоҳоти конститутсионӣ омода аст ва баъди он мумкин аст, ки интихоботи пешҳангоми раисҷумҳурӣ низ баргузор шавад.
Александр Лукашенко таъкид кард, “Ман ба осонӣ намеравам. Ман чоряк аср Белорус обод кардам. Ҳамаи инро ба осонӣ намегузорам”.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ