Ба савдои моддаҳои нашъамандӣ роҳ дода нашуд

Ба савдои моддаҳои нашъамандӣ роҳ дода нашуд

Рӯзи 5-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ходимони ХБД, СКД ва садоратҳои боҷхона дар ҳудуди ноҳияи Пастдарғам автомошини русуми «Ласетти»- и сокини ноҳияи Ургут Ё.Ш. нигоҳ доронда шуд ва аз даруни бордони мошин, дар халтачаи селофанӣ мавҷуд будани 146,58 грамм моддаи нашъамандии «опий» аниқ гардид. Инчунин дар ҷойи зисти Ё.Ш. ҳангоми бурдани кофтуков 1 кг. 156 грамм «опий», 1 кг. 490 грамм моддаи нашъамандии «марихуанна», воситаи нашъамандии «опий», 36000 доллари амрикоӣ, 5000 рубли Россия ва 29 миллион сӯм дар тартиби просессуалӣ гирифта шуд. Ҳоло аз рӯйи ҳолати мазкур нисбати Ё.Ш. ва алоқаи ҷиноии ӯ А.Р. аз ҷониби Садорати ХБД — и вилояти Самарқанд бо моддаҳои 246 ва 273- и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои нахустини кофтуковӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ