Си Ҷинпин: ваксинаи Covid-19 -ро истеҳсол кунем, ба мардуми ҷаҳон дастрас менамоем

Си Ҷинпин: ваксинаи Covid-19 -ро истеҳсол кунем, ба мардуми ҷаҳон дастрас менамоем

  • Post category:Ҷаҳон

Роҳбари Чин эълом кардааст, ки кишвараш ба ваксинаи зидди вируси корона даст пайдо кунад онро ҳатман дар ихтиёри ҷаҳон қарор хоҳад дод.
Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар нишасти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки тариқи видеоконфронс сурат гирифт, таъкид кард, ки Чин ду миллиард доллар ба манзури муқобила бо бемории КОВИД-19 ба кишварҳои даргир ба ин беморӣ кумак кардааст.
Вай қайд кард, ки Пекин дар қиболи шуйюи вируси корона шаффоф амал кардааст.
Пештар мақомоти Амрико, Чинро ба амалкарди ғайришаффоф дар хусуси шуйюи вируси корона муттаҳам карда буданд.
Ҳамчунин Амрико Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳамдасти Чин тавсиф ва эълом кардааст, ки бахши густурдае аз кумакҳои худ ба ин созмонро қатъ мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдомоти давлати Амрико муҷиб хоҳад шуд қудрати Чин дар арсаҳои байналмиллалӣ ва раҳбарии муқобила бо вируси корона бештар шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ