Коргардони рус филми худро дар Ӯзбекистон ба навор мегирад

Коргардони рус филми худро дар Ӯзбекистон ба навор мегирад

  • Post category:Ҷамъият


Артём Михалков, коргардони Русия ва гурӯҳи эҷодии ӯ барои ба навор гирифтани филми “Ҷаноб Нокаут” ба Ӯзбекистон омаданд. Дар ин бора маркази матбуотии “Ӯзбеккино” хабар дод.
Михалков дар ин сафар бо маконҳое, ки филм ба навор гирифта мешавад, шинос хоҳад шуд.
Филми “Ҷаноб Нокаут” зиндагиномаи Валерий Попенченко – боксёри машҳури собиқ иттиҳоди шӯравӣ мебошад. Валерий Попеченко ғолиби бозиҳои Олимпияи Токио, қаҳрамони Аврупо, қаҳрамони иттиҳоди шӯравӣ ва барандаи Ҷоми Вел Баркер аст.
Ин муштзани машҳур ҷавонии худро баъди ҷанги ҷаҳонӣ дар Тошканд сипарӣ кардааст ва дар мактаби Суворов таҳсил гирифтааст. Ба ҳамин далел, филм дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Чирчиқ ва Янгиобод ба навор гирифта мешавад.
Артём Михалков писари Никита Михалков – коргардони шинохтаи рус буда, мудир, таҳиякунанда ва дувумин коргардони филми “Ҷаноб Нокаут” мебошад.
“Ӯзбеккино” дар ҷараёни наворбардории филм ба эҷодкорони рус ёрӣ медиҳад.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ