МАВСИМИ ИМСОЛАИ ПАХТАЧИНӢ ЧӢ ХЕЛ МЕГУЗАРАД?

МАВСИМИ ИМСОЛАИ ПАХТАЧИНӢ ЧӢ ХЕЛ МЕГУЗАРАД?

  • Post category:Ҷамъият

Дар мамлакатамон мавсими имсолаи пахтачинӣ оғоз ёфт. Дар шароити пандемия беталаф ҷамъ овардани ҳосил, яъне аз сироят ҳимоя кардани пахтачинон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосил киҳо ҷалб карда мешаванд, оё ба меҳнати маҷбурӣ роҳ дода мешавад, барои чинакчиёни ихтиёрӣ чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст?
Дар посух ба ин гуна саволҳо муовини вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир УМРЗОҚОВ инҳоро нақл кард.
— Имсол мо ба ҷамъоварии пахта усулҳои навро ҷорӣ карда истодаем, — гуфт Б.Умрзоқов. — Пеш аз ҳама, бо чинакчиёни кироя шартнома баста мешавад, ягон чинакчӣ бидуни шартнома ба саҳро намебарояд. Бо ин мақсад байни Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Палатаи савдо ва саноат ҳуҷҷати муштарак ба имзо расид ва дар асоси он оиннома таҳия гардид. Ба мавсими пахтачинӣ ба сифати ҳашар назар дӯхта намешавад. Ба ин кор ихтиёриён дар асоси шартнома ҷалб карда мешаванд.
Байни корфармо ва пахтачини кироя муносибати баробарҳуқуқ муайян шудааст. Дар ин росто, намояндагони ташкилотҳои дахлдор ба фароҳам овардани шароити муносиби кор бештар диққат медиҳанд. Дар ин раванд, мо бояд пеши роҳи бемор шудан, захмӣ шудан барин ҳолатҳоро гирем.
Иштирокчиёни ҷамъоварии пахта ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Иштирокчиёни ҷамъоварии пахта дар ҷои истиқомат ва чинакчиён, ки барои иштирок дар ҷараён ба дигар вилоятҳо ва ноҳияҳо мераванд. Тамоми маълумот дар сайти навтаъсиси terim.uz ҷойгир карда мешавад.
Ҳар як коргари кироя ба гурӯҳҳо тақсим карда мешавад. Ҳар як гурӯҳ аз 50-70 нафар чинакчиён иборат мегардад. Ба онҳое, ки «ман дар ҳудуди худ пахта мечинам» мегӯянд, муносибати алоҳидаи молиявӣ зоҳир карда шуда, ба ҳар яки онҳое ки «не, ман ба дигар вилояти дурдаст рафта пахта мечинам» мегӯянд, ба маблағи 500 000 сӯм кӯмаки молиявӣ дода мешавад. Ӯ барои пахтаи чидааш бошад, бо нархи муқарраршуда пул мегирад. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванде, ки ба пахтачинӣ сафарбар карда шудаанд, як ҳамшира вобаста карда мешавад. Онҳо хонаи махсус дошта, тамоми доруҳои зарурӣ дода мешаванд.
Барои чинакчиёне, ки ба ҳудуди дигар рафтан мехоҳанд, тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, масъалаи ҷойи хоб, хӯрок, тамошои телевизор пас аз кор, гӯш кардани радио, хондани рӯзномаву китоб ташкил карда мешаванд.
Чинакчиён метавонанд ба муҳлати дилхоҳашон шартнома банданд. Хоҳанд барои як ҳафта, хоҳанд барои 15 рӯз, хоҳанд барои як моҳ. Ихтиёр дар дасти онҳост. Ҳеҷ кас онҳоро маҷбур карда наметавонад.
Ҷараёни расмигардонии шартнома бо иштироки намояндагони марказҳои шуғли аҳолии маҳаллӣ, шӯъбаҳои дастгирии маҳалла ва оила, намояндагони маҳаллаҳо сурат мегирад. Ҳарорати бадани ҳар як коргар пеш аз баромадан ба пахтачинӣ низ чен карда мешавад. Ин масъала ба зиммаи кормандони санитарию эпидемиологӣ гузошта мешавад. Онҳо ба мо аз наздик кӯмак мерасонанд.
Ҳолатҳои дар мавсими ғунучини пахта ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудани бачаҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи меҳнатиашон поймол шудааст ё ки аз ҷониби кордиҳанда ба корҳои дар ваколаташон набуда ҷалб карда мешаванд, метавонанд ба боти «@mehnathuquq» инчунин dm.mehnat.uz, ки аз ҷониби вазорат дар паёмрасони Telegram ба кор дароварда шудааст, муроҷиат кунанд. Ба маҳфуз доштани сири шахси муроҷиаткарда кафолат дода мешавад. Ба воситаи боти мазкур метавон оид ба ҳар гуна ҳолати вайрон карда шудани қонунгузории меҳнат, аз ҷумла, роҳ додан ба меҳнати маҷбурӣ дар мавсим ё ҳодисаҳои ба ин монанд хабар дод. Маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳам аз нуқтаи назари танқидиву таҳлилӣ омӯхта мешавад.
Алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар мо оилаҳои серфарзанд зиёданд. Шояд баъзе волидон мехоҳанд фарзандони синфи 9-10-и худро хуб пахта мечинад гӯён пас аз дарс ба майдонҳои пахта баранд. Аммо ин ҳатто агар волидон инро хоҳанд ҳам имконнопазир аст.

Дар Ӯзбекистон истифодаи меҳнати кӯдакон манъ аст. Дар ин масъала роҳи бозгашт нест. Дар мамлакати мо дар мавсими имсола барои пешгирии меҳнати маҷбурӣ ва ҳавасманд кардани меҳнати ихтиёрӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар ин мавсим дар чиниши аввал барои 1 кг пахта ҳазор сӯм, дар чиниши дуюм 1400 сӯм ҳақ дода мешавад.
Боз як маълумот, дар баъзе ҳудудҳо ҳолатҳои аз ҷониби кормандони маҳаллаҳо пеш бурдани ташвиқоти бардурӯғ оиди дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз оилаҳои фарзандони аз 2 то 16 сола дошта танҳо ба шаҳрвандони дар пахтачинӣ ширкатварзида кӯмаки моддӣ дода мешавад, яъне «агар ба пахтачинӣ бароед, мо ба шумо ин кӯмакро медиҳем ва агар набароед аз кӯмакпулӣ маҳрум месозем» ба мушоҳида мерасанд. Ин албатта, нодуруст аст. Шаҳрвандоне, ки ба чунин ҳолатҳо дучор меоянд, метавонанд бо мессенҷери Telegram-и дар боло зикршуда ва рақами телефон муроҷиат намоянд. Дар қонунгузории мо чунин талабот вуҷуд надорад.
Хулоса, маҷбур кардан ба мавсими пахтачинӣ мумкин нест. Ба ҳар як одаме, ки ихтиёрӣ пахта чидан мехоҳад, пешакӣ 500 ҳазор сӯмӣ дода мешавад. Мо мехоҳем аҳолиро ба мавсим на бо тарсондан, балки ба воситаи механизми ҳавасмандгардонии моддӣ ҷалб намоем.

Суҳбатнигор
Шаҳноза МАМАТУРОПОВА,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ