Озодбек Назарбеков дар Туркия бо эҷодкорони сериали Ҷалолиддин Мангубердӣ дидор кард

Озодбек Назарбеков дар Туркия бо эҷодкорони сериали Ҷалолиддин Мангубердӣ дидор кард


Дар ин рӯзҳо дар Туркия ҷараёни ба навор гирифтани сериал дар бораи Ҷалолиддин Мангубердӣ оғоз шудааст. Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон рӯзи 7 сентябр барои мулоқот бо эҷодкорони ин сериал ба Туркия парвоз кард. Ӯ дар Истанбул бо Меҳмет Бӯздоғ дидор кард.
Назарбеков дар мулоқот бо Бӯздоғ гуфт, ки мардуми Ӯзбекистон муштоқона мунтазири ин сериал ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки сериали “Мендирман Ҷалолиддин” (Ҷалолиддин манам) бар асоси шартномаи ширкати “Best organiser”-и Ӯзбекистон ва ширкати филмбардории “Bozdag‘ film”-и Туркия ба навор гирифта мешавад. “Orient Finans Bank” сарпарасти ин лоиҳа аст.
Бино ба маълумотҳо, барои ин филм 7 миллион доллар сарф хоҳад шуд.
Нақши Ҷалолиддин Мангубердиро ҳунарпешаи турк меофарад. Аз ҳунарпешагони Ӯзбекистон Тоҳир Саидов, Саида Раметова, Раъно Шодиева, Ҷавоҳир Зокиров, Алишер Узоқов, Адиз Раҷабов, Акбархўҷа Расулов, Акмал Мирзо, Райҳон Уласенова, Юлдуз Раҷабова ва Феруза Норматова низ дар ин филм нақш меофаранд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ