Ҳалли ҳар як муроҷиат зери назорати ҳукумат аст

Ҳалли ҳар як муроҷиат зери назорати ҳукумат аст

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов аз сабаби пандемияи коронавирус пас аз танаффуси шашмоҳа боз дар ҷойҳо гузаронидани қабулҳои сайёрро сар кард.
Нахуст чунин тадбир рӯзи 5-уми сентябр дар ноҳияи Пахтачӣ гузаронида шуд. Дар рафти қабули сайёр беш аз 350 муроҷиати шаҳрвандони ноҳия аз рӯйи масъалаҳои ҷудо кардани замин ва кредит барои тадбиркорӣ, таъмини хонаву ҷой, нав кардани шохаҳои коммуникатсионӣ ва ғайраро дар худи ҳамин ҷо бо иштироки роҳбарони секторҳои вилоят, масъулони идора ва садоратҳои мутасаддӣ омӯхтанд. Барои масъалаҳое, ки иҷрои онҳо вақт талаб мекунад, муддати муайян муқаррар ва масъулон таъин гардиданд.
Бахусус, як қатор муаммоҳо, чун вайрон кардани биноҳои кӯҳна, ки ба зеби маҷмӯаи савдои «Пахтачи гӯзали» осеб мерасонанд ва чора дидан нисбат ба онҳое, ки садди ин амал мегарданд, саривақтӣ ба аҳолӣ расонидани баллонҳои гази моеъ ва дигар масъалаҳо дар рафти қабул ҳал карда шуданд. Ба мутасаддиён дар бораи ёрии амалӣ расонидан ба шаҳрванде, ки парвариши растании дорувории бобуна (ромашка)-ро ба роҳ мондан мехоҳад, супориш дода шуд.

Рӯзи 7-уми сентябр қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар рафти қабул на танҳо аҳолии шаҳр, балки аз дигар ҳудудҳои вилоят низ шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ба ҳокими вилоят муроҷиат карданд.
Аз ҷумла, зани ногирои гурӯҳи дуввум аз ноҳияи Қӯшработ барои ҷарроҳии пой ва гузоштани эндопротез ёрии амалӣ пурсид. Ба мутасаддиён супориш дода шуд, ки ин амал дар давоми 10 рӯз ҳал карда шавад.
Бояд гуфт, ки эндопротез ускунаи сунъӣ аст, ки на ба организм мепайванданд, балки бо роҳи ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешавад. Ин ускуна дар баъзе кишварҳои ҷаҳон истеҳсол гардида, қимат аст ва ҷарроҳии он низ маблағи зиёд талаб мекунад.
Дар рафти қабули сайёр бо ҳамин масъала як шаҳрванди шаҳри Самарқанд низ муроҷиат кард. Дар бораи аз ҳисоби буҷети вилоят барои ҷарроҳии ин шаҳрванд ҷудо кардани маблағи зарурӣ супориш дода шуд.
Дар доираи қабули сайёр доир ба хизмати тиббӣ 15 муроҷиат қайд гардид. Аз рӯйи ҳамаи онҳо ба масъулон супоришҳои зарурӣ доданд.
– Дар ҷамъияти демократии ҳуқуқбунёд аз қонуну қоидаҳо огоҳ будани шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад, – гуфт сарвари шӯъбаи хазинаи нафақаи шаҳри Самарқанд Шӯҳрат Қамаров. – Масалан, шаҳрванде, ки 4 сол дар Яман зиндагӣ кардааст, имрӯз дар гирифтани нафақаҳое, ки дар ин муддат пардохта нашудааст, ёрӣ пурсид. Шаҳрванде, ки ин қадар сол дар хориҷа зиндагӣ кардааст, метавонист ба ягон хешованди худ ваколатнома диҳад. Акнун мувофиқи қонун танҳо нафақапулии яксолаи ин шаҳрванд пардохта мешавад.
Албатта, ҳокими вилоят низ дар доираи қонун чора дид. Ё ки шаҳрванде, ки нафақаи ногироӣ мегирад, аз кам будани миқдори нафақа шикоят кард. Лекин дар ин масъала роҳбари якуми вилоят низ ёрӣ расонида наметавонад.
– Гоҳо муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ саривақтӣ баррасӣ намегардад, – гуфт роҳбари гурӯҳи ахбору таҳлилии ҳокимияти вилоят Соаталӣ Абираҳматов. – Баъзан дар асоси муроҷиатҳо чорабиниҳои зарурӣ андешида намешаванд. Дар қабулҳои сайёри ҳокими вилоят асосан чунин шаҳрвандоне, ки ба монеъаҳои бюрократӣ дучор омадаанд, муроҷиат мекунанд. Ба ҳамин маъно гуфтан мумкин аст, ки қабулҳои сайёр, пеш аз ҳама масъулияти роҳбарон ва мутасаддиёнро зиёд мекунад. Дар навбати худ, саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон афзуда, ба оянда, бахусус, ҳокимияти давлатӣ боварияшон меафзояд.
Дар қабули сайёр 475 муроҷиат қайд гардид ва ҳар як муроҷиат аз тарафи ҳокимияти вилоят ба назорат гирифта шуд. Муроҷиатҳои ҳал нашуда ба назорати алоҳида ва рӯйхат гирифта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ