Навъҳои ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ

Навъҳои ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ

Мутобиқи тавсияҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ якчанд намудҳои ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ вуҷуд дорад. Дар истифодаи намуди анъанавӣ, асосан бо респондентҳо бевосита робита намуда, ба тариқи пур кардани пурсишнома (дар шакли электронӣ ё ки коғаз) амалӣ карда мешавад. Чунин пурсишнома ҳар сол нав карда мешавад. Афзалияти ин намуд дар он аст, ки дар як даври аниқ дар шакли маълумоти пурра доир ба аҳолӣ ва ҳудудҳо намоён мегардад. Зиёд шудани ҳаҷми кор ва миқдори хароҷот аз камбудиҳои ин намуд ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Комиссияи оморшиносии СММ, дар даври барӯйхатгирии аҳолӣ дар минтақаҳои Африқо ва Америкаи Лотинӣ пурра, дар бисёр давлатҳои минтақаҳои Осиё, Америкаи Шимолӣ, Аврупо аз усули анъанавӣ истифода бурдаанд.
Намуди истифодабарӣ аз маълумоти идоравӣ дар ҳолати истифода аз базаи маълумоти электронии дар идораҳои гуногун мавҷудбуда амалӣ мегардад. Ҷиҳатҳои мусбии он дар камхарҷӣ ва мавҷудияти имконияти дигарнамоии даври барӯйхатгирӣ намоён мешавад. Камбудии ин усул бо талаб кардани муддати дароз, ба душвориҳо дучор гардидан ҳангоми муқоисаи маълумоти байналхалқӣ аз сабаби мухталиф будани таркиби маълумоти идоравӣ тасниф карда мешавад. Аз усули мазкур соли 2010 дар даври барӯйхатгирии аҳолии давлатҳои Голландия, Исландия, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия, Шветсия, Словения, Дания ва Финландия истифода бурданд.
Намуди омехта дар ҳоли аз маълумоти анъанавӣ ва идоравӣ дар як вақт баробар истифода бурдан амалӣ мегардад. Дар он барои респондентҳо кам будани сарборӣ, пур кардани камбудиҳои маълумоти идоравӣ ба воситаи гузаронидани пурсишнома, баланд будани дараҷаи дурустии нишондодҳои маълумоти идоравӣ, дар давлати мазкур шарт будани мавҷудияти маълумоти идоравӣ ва ғайра аз бартариятҳои ин усул ҳисоб меёбад. Камбудиҳои он бошад, нисбат ба усули анъанавӣ вақти зиёд талаб кардани ҷараёни тайёрӣ, зарурияти аз нав дида баромадани натиҷаҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани фарқиятҳо дар байни маълумоти идоравӣ ва пурсишномаҳо ба шумор меравад. Аз усули омехта дар даври барӯйхатгирии аҳолӣ дар 27 фоизи давлатҳои минтақаи Аврупо ва 16 фоизи давлатҳои Осиё истифода бурданд. Хусусан, давлатҳои Латвия, Испания, Швейтсария, Эстония, Литва, Германия, Полша, Исроил, Туркия, Лихтенштейн, Сингапур, Италия, Чехия, Монако аз ҷумлаи он мебошанд. Дар даври барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 аз усули идоравӣ истифода бурдани 33 фоизи давлатҳои Америкаи Шимолӣ, 27 фоизи давлатҳои Осиё, 26 фоизи давлатҳои Аврупо ба назар гирифта шудааст.

Д.КАРАЧАЕВ,
мутахассиси пешрави шӯъбаи статистикаи шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ