Русия ба Ӯзбекистон чанд тести COVID — 19 равон кард?

Русия ба Ӯзбекистон чанд тести COVID — 19 равон кард?

Русия ба 39 кишвари дунё беш аз 1 миллион тест равон кардааст. 66% — и онҳо ба давлатҳои ИДМ, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ рост меояд.
Русия бо ҳамагирии коронавирус натанҳо дар қаламрави худ мубориза мебарад, балки ба дигар кишварҳо низ кумак мекунад. То 4 сентябр Русия ба 39 мамолик ёрӣ расонидааст.
Аз Роспотребнадзор ба оҷонсии Sputnik хабар доданд, ки дар умум муассисаҳои тандурустӣ дар сар то сари ҷаҳон 10 662 маҷмӯъа барои 1 066 200 озмоиш ва 1054,700 барои омодасозии намуна барои таҳқиқот дастрас кардааст.
Қисми бештари кумакҳо ба кишварҳои ҳамсояи ФР (ИДМ, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ) — 6 997 маҷмӯъ барои 699 700 озмоиш ва 737 200 реагентҳо барои таҳқиқот равон карда шудааст.
Миёни кишварҳои Шарқи наздик бузургтарин кумакро барои озмоиши COVID-19, Қирғизистон — 1570 тест барои 157 000 озмоиш ва 157 000 реагентҳо барои омодасозии намуна ҷиҳати озмоиш, 10 дастгоҳи бидуни тамос барои санҷидани ҳарорати бадан гирифтааст.
Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон — 1385 маҷмӯъ барои 138 500 озмоиш ва 138 500 реагентҳо барои омода намудани намуна ҷиҳати таҳқиқот. Дар мақоми сеюм Арманистон бо 1000 маҷмӯъ тест ва 7 дастгоҳи бидуни тамос барои санҷидани ҳарорати бадан, меистад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ