Дар Ӯзбекистон нӯшокиҳои спиртӣ аз 1-уми октябр қимат мешавад

Дар Ӯзбекистон нӯшокиҳои спиртӣ аз 1-уми октябр қимат мешавад

  • Post category:Ҷамъият

Муассисаи давлатӣ пешниҳод кард, ки ҳадди аққали нархҳои яклухт ва чаканаи нӯшокиҳои спиртӣ аз нав дида баромада шавад.
Тибқи ҳуҷҷат, аз 1-уми октябри соли 2020 пешниҳод карда мешавад, ки категорияҳои зерини нархҳои спиртӣ муқаррар карда шаванд:

  • шароб(вино) (1 литр маҳсулоти тайёр): нархи фурӯши яклухт — 9,4 ҳазор (ҳоло 8,6 ҳазор); нархи чакана — 11, 2 ҳазор (ҳоло 10, 2 ҳазор) сӯм;
  • коняк (1 литр маҳсулоти тайёр): нархи фурӯши яклухт — 33 ҳазор (ҳоло 31 ҳазор); нархи чакана — 39 ҳазор (ҳоло 36,6 ҳазор) сум;
  • арақ ва дигар спиртҳо (1 литр маҳсулоти тайёр): нархи фурӯши яклухт — 24 ҳазор (ҳоло 22 ҳазор); нархи чакана — 28,5 ҳазор (дар ҳоли ҳозир 26 ҳазор).
    Зикр гардид, ки муҳокимаи лоиҳа то 22 сентябри соли равон идома хоҳад ёфт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ