Ёвари проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд боздошт шуд


Шӯъбаҳои Идораи мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ ва корҳои дохилӣ дар Самарқанд дар пайи як амалиёт ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд – У. Э.-ро ҳангоми пора гирифтан боздошт карданд. Ёвари ректор ба як донишҷӯ ваъда медиҳад, ки ба ивази 800 доллар бо ёрии шиносҳои худ дар вазорат таҳсили ӯро ба Донишгоҳи давлатии Урганч мекӯчонад.
Ӯ ҳангоми гирифтани пора бо далели ашёвӣ боздошт шуд.
Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ