Пиртарин бозигари хоккейи рӯи ях дар ҷаҳон дар синни 100 салагӣ вафот кард

Марк Сертич, ки тибқи китоби рекордҳои Гиннес қадимтарин хоккейбоз эътироф шудааст, дар 100-умин соли умраш даргузашт.
Вай дар гурӯҳи маҳаллӣ дар Дулут бозӣ мекард. Инчунин пеш аз баста шудани ҳама майдончаҳои варзиш дар Миннесота ҳафтае се маротиба ба рӯи ях мебаромад.
Сертик гуфт, ки дар тамоми ҳаёти худ ӯ зиёда аз 10 ҳазор гол задааст. Бори аввал соли 1931 рӯи ях баромада ҳатто баъд аз шикастани устухон 94 солагӣ хоккейро тарк накардааст.
Сертич инчунин Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро паси сар карда, ҳафт фарзанд ба воя расонд. Дар тӯли ҳаёти худ ӯ борҳо дар марафонҳо ширкат варзида, инчунин дастаҳои ҷавононро мураббигӣ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ