Ҳамлаи террористӣ ба сармуовини раисҷумҳури Афғонистон


Имрӯз, 9 сентябр шахсони номаълум дар Кобул ба корвони автомобилҳое, ки Амруллоҳ Солеҳ – сармуовини раисҷумҳури Афғонистон дар дохили яке аз онҳо буд, ҳамла карданд. Онҳо дар роҳе, ки корвон мегузашт, бомб гузоштанд. Дар натиҷаи таркиши бомб 10 нафар кушта шуданд, ва 16 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.
Бино ба хабари Тулӯъ Нюз, Амруллоҳ Солеҳ низ дар ин таркиш захмӣ шудааст, вале, захми ӯ сабук аст ва боиси нигаронӣ нест. Як дасти Солеҳ ва рӯи ӯ каме ҷароҳат гирифтааст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ