Шинос шавед – Доналд Трамп, номзад ба ҷоизаи сулҳи Нобел

Шинос шавед – Доналд Трамп, номзад ба ҷоизаи сулҳи Нобел

  • Post category:Ҷаҳон


Номзадии Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод шуд. Бино ба хабари шабакаи телевизионии Fox News, мумкин аст, ки ӯро барои кӯшишҳои ҳалли низоҳои чандинсола бо ин ҷоиза сарфароз кунанд.
Кристиана Тибринга-Гедде, намояндаи “Ҳизби рушд”-и Норвегия, ки номзадии пешвои амрикоиҳоро пешниҳод кард, гуфт, “Ӯ дар кӯшишҳои худ барои сулҳу оштии кишварҳо нисбат ба аксарияти номзадҳои дигари ҷоизаи сулҳ корҳои бештарро анҷом дод”.
Ба назари Тиббинга-Гедде, барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел дар солҳои охир дар муқоиса бо Трамп хеле камтар кор кардаанд. Ӯ Барак Обамаро мисол овард ва гуфт, ки ӯ барои ҷоиза “коре накардааст”.
Узви порлумони Норвегия ба кумитаи Нобел паёме фиристод ва дар он таъкид кард, ки маҳз бо кӯшишҳои Доналд Трамп робитаҳои Исроил ва Аморати муттаҳидаи Араб (АМА) барқарор шуд ва ҳоло дигар кишварҳо метавонанд аз АМА намуна бигиранд. Ин чунин маъно дорад, ки Ховари Миёна ба зудӣ ҷои амну субот табдил хоҳад ёфт.
Тирамоҳи соли гузашта Трамп бо андӯҳ гуфта буд, ки дар бисёр мавридҳо ба кӯшишҳои ӯ муносиб баҳо намедиҳанд ва ба кадом сабабе ба ӯ ҷоизаи Нобелро намедиҳанд. Ба гуфтаи Трамп, агар ҷоизаи Нобелро аз рӯи инсоф месупурданд, ӯ чандин бор ҷоизадор мешуд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ