Вазири Япония: Чин ба амнияти мамлакати мо таҳдид мекунад

Вазири Япония: Чин ба амнияти мамлакати мо таҳдид мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Таро Коно, вазири мудофиаи Япония таъкид кард, ки Чин мехоҳад бо зӯроварӣ вазъияту ҳолати минтақаро тағйир диҳад. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Ба гуфтаи Коно, Чин ҳоло ба таҳдиде ба амнияти Япония тадбил меёбад ва кишвари ӯ бо ИМА бояд ба рафтори Чин таваҷҷӯҳ дошта бошад.
Вазири Япония гуфт, ки сарфу харҷи Чин дар соҳаи ҳарбӣ хеле афзоиш ёфтааст, илова бар ин, чиниҳо минтақа аз ҷиҳати ҳарбӣ фаъолтар шудаанд
Вай афзуд, “Мо ҳоло мебинем, ки онҳо бо зӯроварӣ мехоҳанд вазъияту ҳолати митнақаро тағйир диҳанд. Мо хеле нигарони хостаҳои Чин ҳастем”.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ