Дар ИМА озмоиши ваксинаи зидди коронавирусро ба далели таъсири манфии он бас карданд


Ширкати дорусозии муштараки Бринатия ва Шветсия – AstraZeneca дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико озмоиши ваксинаи зидди коронавирусро дар марҳилаи саввум қатъ кард. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Бино ба хабарҳо, ваксина ба яке аз довталабоне, кидар озмоиш иштирок мекард, таъсири манфӣ нишон додааст. Сабаби чунин таъсири ваксина ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи мутахассисони ширкат ба ҳаёти довталаб ҳоло чизе таҳдид намекунад. Онҳо маълум накарданд, ки ваксина айнан чи таъсири манфие расондааст.
Ширкати AstraZeneca ваксинаи зидди коронавирусро дар ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳи Оксфорд месозанд. Ҳукумати ИМА барои ин ваксина 1,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кард. Дар ИМА ширкатҳои Moderna, Johnson & Johnson, Merck ва Pfizer низ бо сохтани ваксинаи зидди коронавирус машғуланд. Ҳукумати ИМА дар умум барои ин лоиҳаҳо 12 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ