Донишгоҳи давлатии Самарқанд: Нафаре, ки бо $800 пора боздошт шуд, корманди мо нест


Kun.uz рӯзи гузашта дар бораи боздошт шудани ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо 800 доллар пора барои кӯчондани таҳсил хабар дода буд.
Маркази матбуотии ДДС ба сайти Zarnews.uz маълум кардааст, ки У. Э. ном шахсе дар донишгоҳ кор намекунад. Иловар бар ин, дар донишгоҳ вазифаи ёвари ректор, ки дар маълумоти маркази матбуотии додситонии кулл (генпрокуратура) омадааст, вуҷуд надорад.
Дар баёнияи маркази матбуотии ДДС гуфта мешавад, ки чунин хабарҳои беасос ба зиёд шудани овозаҳои беҳуда сабаб мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ