А ин 3 сол пеш палави 8 тоннагӣ пухта буданд

А ин 3 сол пеш палави 8 тоннагӣ пухта буданд

  • Post category:Асосӣ

Аз ин 3 сол муқаддам, аниқтараш 8-уми сентябри соли 2017 дар Тошканд фестивали ош баргузор гардид ва оши дамкардашудаи 8-тоннагӣ ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил карда шуд.
Яке аз ташкилкунандагони он – роҳбари хазинаи Масс-медиа Комил Алламҷонов дар саҳифаи Телеграми худ фестивалро ба ёд оварда гуфт, ки ташкил кардани он осон набуд ва барои пешгирии он зиёд буданд касоне, ки халал расониданд. Аммо, хушбахтона тадбир хеле хуш гузашт.
Ӯ таъкид намуд, ки дар тадбир ошпаз Баҳриддин Чустӣ ва блогер Хушнудбек Худойбердиев хизмати зиёд намуданд. Ғояи ба миқдори рекорд палав дам намудан аз Баҳриддин Чустӣ баромадааст ва алҳол ин пазандаи шинохта аз коронавирус муолиҷа гирифта истодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ