Оё Шӯро ҳокимияти иҷроияро назорат намекунад?

Бо қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 5-уми феврали соли равон ҷадвали баромади депутатҳо дар ВАО тасдиқ карда шудааст. Вале то ба имрӯз чанд нафар депутат дар муддатҳои бо қарор тасдиқшуда ба матбуот маълумот тақдим накардаанд.
Вақте ки аз депутатҳо пурсидем, маълум карданд, ки дар бораи вохӯриҳои дар ҳавзаҳои интихоботӣ гузаронда ва пурсишҳои депутатии фиристодаашон маълумот мавҷуд буда, вале аз ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар бораи вазифаҳое, ки дар доираи барномаҳо дар ҳудудҳо муайян шудаанд, маълумот гирифта натавонистаанд.
Инҷо саволе ба миён меояд: котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят корро аз чӣ сар мекунад? Оё мутобиқгардонии фаъолияти депутатҳо, ба онҳо расонидани ёрии ташкилӣ ва техникии зарурӣ вазифаи асосии котибият нест?
Депутатҳое, ки то ҳол мақолаашон эълон шудааст, қайд мекунанд, ки ба пурсиши онҳо посух надодаанд ё ки мутасаддиён ду ҷумлае, ки маъно надоранд, мефиристонанд. Савол болои савол, вақте ки раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят ба депутатҳо бо боварии калон нигоҳ карда, пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ мекунад, чаро котибияти Шӯро ба ин масъала ба таври ҷиддӣ дахолат намекунад?
Умуман, кай дар бораи имрӯз ба таври кифоя ба роҳ монда нашудани назорати депутатӣ андеша карда мешавад?
Намояндагони халқ, ки ба оғози фаъолияти онҳо беш аз ҳашт моҳ шудааст, то ҳол ягон масъаларо мустақилона наомӯхтаанд ва дар сессия муҳокима накардаанд.
Магар вазифаи асосии Шӯро назорати фаъолияти ҳокимияти иҷроия набуд?
Дар зер рӯихати депутатҳое, ки сарфи назар аз гузаштани муддати бо қарори сессия рӯзи 5-уми феврал тасдиқшуда, дар матбюуот баромад накардаанд, оварда шудааст:

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ